Толибҳо ба лоиҳаи роҳи оҳани фароминтақавӣ пайвастанд

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузаштан ба хазинаи аксЖелезнодорожные пути, архивное фото
Железнодорожные пути, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Дар Тошканд бо ҳузури толибҳо татбиқи лоиҳаи фароминтақаии роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Корхонаи "Роҳи оҳани Ӯзбекистон" мегӯяд, лоиҳаи мазкур нахуст дар доираи сеҷониба, бо ҳузури намояндагони Афғонистон, Ӯзбекистон ва Покистон баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои ин корхона, сипас ба баррасии тарҳ намояндагони ҷониби Русия ва Қазоқистон низ пайваст шуда, мувофиқа кардаанд, ки мулоқотҳоро мунтазам баргузор намоянд.

"Созиш шудааст, ки дар ояндаи наздик хатти роҳи оҳанро дар минтақаи сохтмон баррасӣ мекунанд", - хабар дод Sputnik Афғонистон.

Дар пайи таҳияи асоси техникӣ-иқтисодӣ масъалаи ҷалби созмонҳои молии байналмилалӣ баррасӣ мегардад.
Бар асоси арзёбии пешакӣ, бунёди ин хат ҳудуди 5 миллиард доллар арзиш дошта, зарфияти интиқоли ҳудуди 20 миллион тонна борро дорад.
Выставка достижений мастеров Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Толибҳо аз қочоқбарон ёдгории таърихӣ мусодира кардаанд
Ин дар ҳолест, ки қаблан Адулғанӣ Бародар, ноиби аввали раиси ҳукумати толибҳо бо Исматуллоҳ Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард ва онҳо аз фароҳам шудани шароити ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз қабили тиҷорат, иқтисод, энержӣ, нақлиёт ва ғайра гуфтаанд.
Инчунин ширкати ҳавоии афғонистонии "KamAir" нақша дорад, ки ба зудӣ парвозҳои миёни Кобулу Тошкандро роҳандозӣ кунад, ки ҳафтае ду бор анҷом мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала