Зодрӯзи Чингиз Айтматов: 12 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 12 декабря
День 12 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Рӯзи 12-уми декабр - Рӯзи бетарафӣ дар Туркманистон, дар Рӯзи Сарқонун дар Русия ва Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Қазоқистон мебошад

Дувоздаҳуми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1911 пойтахти Ҳиндустон аз Калкутта ба Деҳлӣ кӯчонида шуд.
Соли 1932 миёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.
Соли 1992 дар Индонезия бар асари заминларза 2200 нафар ба ҳалокат расид.
День 11 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Зодрӯзи Ҳалим Сангинов: 11 декабр дар таърих
Соли 1995 иҷлосияи 50-умини Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки тибқи он, ба Туркманистон расман мақоми ҳамешагии давлати бетараф дода шуд.

Рӯзи 12-уми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2007 парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"-ро қабул намуд.
Соли 2015 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии "Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд" суханронӣ кард.
День 10 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Рӯзи ҳуқуқи инсон ва зодрӯзи Худоёр Юсуфбеков: 10 декабр дар таърих
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар ҶТ (1 марти соли 2015) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка рафт.
Соли 2018 Вера Исмоилова мудири телевизиони "Мир" дар Тоҷикистон таъйин шуд.
Соли 2018 Раҳмон тайи як тағйироти кадрӣ раисони панҷ шаҳру навоҳии Суғду Бадахшону Хатлонро иваз кард.

Ҷашнҳои 12 декабр

Рӯзи бетарафии Туркманистон;
Дар Русия – Рӯзи Конститутсия;
Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук;
Дар Кения – Рӯзи истиқлол.

Рӯзи 12-уми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1928 – нависанда Чингиз Айтматов.
Солҳои (1908-1976) – академик Абдулғанӣ Мирзоев.
Солҳои (1914-1975) – таърихшинос Арда Қувватов.
Лентаи хабарҳо
0