Блинкен шарти пайвастани Украина ба НАТО-ро гуфт

© REUTERS / Alex Edelman/Pool Госсекретарь США Энтони Блинкен
Госсекретарь США Энтони Блинкен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Украина метавонад дар пайвастан ба НАТО пешрафте ҳосил кунад, изҳор кард, котиби давлатии ИМА, Энтони Блинкен.
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дарҳои эътилофи НАТО барои қабули Украина бозанд, изҳор доштааст Блинкен дар мусоҳиба бо NBC.
"Эътилоф ҳанӯз соли 2008-ум тасдиқ кард, ки барои пазируфтани Украина ва Гурҷистон боз аст. Агар онҳо хоҳони узвиятанд ва ба талабот мувофиқ бошанд, метавонанд ҳалли масъаларо наздик созанд", - иқтибос овардааст аз қавли дипломат РИА "Новости".
Маврид ба зикр аст, ки Радаи Олии Украина моҳи декабри соли 2014 аз мақоми давлати бетааҳҳуд ба паймонҳо даст кашида буд. Моҳи феврали 2019 парлумони Украина тағйирот ба Конститутсияро қабул намуд, ки майли ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро муқаррар кард. Украина шашумин давлате мебошад, ки мақоми шарики НАТО бо имкониятҳои фарохро ба даст оварда.
Переговоры президента РФ В. Путина и президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
"Хатти қирмиз", таҳдид ба амният ва Украина: музокироти Путину Байден
Дабири пешини НАТО Андерс Фог Расмуссен қаблан гуфта буд, ки барои пайвастан ба НАТО Украинаро зарур аст, ба бархе меъёрҳо даст ёбад, ки барои амалӣ сохтани онҳо вақти зиёд зарур аст. Таҳлилгарон мегӯянд, Киев дар 20 соли наздик наметавонад довталаби узвият дар НАТО бошад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти онлайнии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден буд.
Ба иттилои Кремл, раисҷумҳури Русия ҳавасмандияшро барои гирифтани кафолатҳои қатъӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда баён кардааст, ки НАТО ба қисмати шарқӣ паҳн нашаваду дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия низомиҳои зарбазанро ҷой надиҳад, то шароити рушди кишвар фароҳам бошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала