ИМА гуфт, барномае барои озод кардани пулҳои Афғонистон надорад

© AFP 2023 / ERIC BARADATДжен Псаки
Джен Псаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳида нияти озод кардани пулҳои Афғонистонро надоранд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Кохи Сафед ахиран эълон кард, ки қасди озод кардани захираҳои пулии Афғонистонро надорад, ки дар бонкҳои хориҷӣ масдуд шудаанд.
Зиёда аз 10 миллиард доллар захоири арзии Бонки марказии Афғонистон аз замони суқути ҳукумати қаблӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида мунҷамид шудааст.
Аксари ин маблағҳо дар бонкҳои Иёлоти Муттаҳида масдуд шудаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Амирхон Муттакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, миллиардҳо доллари Афғонистони мунҷамидшударо раҳо кунанд.
Капитолий, здание в Вашингтоне, где заседает конгресс США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Толибон ба Конгресси Амрико нома ирсол карданд
Оқои Муттакӣ таъкид кард, ки бесуботӣ ва заъиф шудани ҳукумати нави Афғонистон ба касе нафъе надорад.
Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед дар вокуниш ба изҳороти Муттакӣ гуфт, масъалаи раҳоии пулҳои Афғонистон печида аст ва сабабҳои масдуд кардани дастрасӣ ба он вуҷуд дорад.
Ҷен Псаки ахиран дар нишасти хабарие гуфт: "Сабабҳое вуҷуд доранд, ки ин захираҳо дастнорас боқӣ мемонанд."
Вай афзуд, яке аз сабабҳо даъвои бархе аз қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр аст.
"Даъвои додгоҳиро нодида гирифтан мумкин нест. Ин боис шудааст, ки дастрасӣ ба ин пулҳо ҳадди ақал то охири соли ҷорӣ ва эҳтимолан бештар аз он мутаваққиф шавад", - афзудааст манбаъ.
Псаки афзуд, Амрико талош дорад, роҳҳои интиқоли ин пул ба мардуми Афғонистонро пайдо кунад, аммо Иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) ба он дастрасӣ нахоҳад дошт.
"Иёлоти Муттаҳида бо суолҳои бунёдӣ рӯ ба рӯ аст, ки чӣ гуна метавон ин пулро мустақиман ба мардуми Афғонистон дастрас ва аз дастёбии толибон ба он ҷилавгирӣ кард",- гуфт Псаки.
Бонки Ҷаҳонӣ: Аз сар гирифтани кумакҳои мустақим ба Афғонистон ғариимкон аст
Изҳороти Кохи Сафед дар ҳоле садо дод, ки қурби афғонӣ дар баробари доллар дар бозорҳои Афғонистон ба поинтарин сатҳ расидааст.
Беқурбшавии афғонӣ ва болоравии қурби доллар боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар кишвар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0