Таъсиси шаҳри Норак: 16 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 16 декабря
День 16 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Шонздаҳуми декабр дар Баҳрайн Иди миллӣ буда, дар Қазоқистон Рӯзи истиқлолу дар Бангладеш Рӯзи ғалаба мебошад

Рӯзи 16-уми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1899 клуби футболи "Милан" таъсис ёфт.
Соли 1958 кишварҳои Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ талаботи Иттиҳоди Шӯравиро барои аз Берлин баровардани ҳамаи низомиён ва "шаҳри озод" эълон кардани он рад намуданд.
Соли 1966 Шӯрои амнияти СММ ҷорӣ намудани як қатор таҳримҳоро бар зидди Родезия (Зимбабвеи муосир) ба тасвиб расонд.
День 15 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Зодрӯзи Гулчеҳра Бақоева: 15 декабр дар таърих
Соли 1970 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.
Соли 1972 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони "Дӯстии халқҳо" таъсис дода шуд.
Соли 1991 Ҳизби Коммунистии Туркманистон фаъолияти худро қатъ карда, аз нав ҳамчун Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 16-уми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1960 шаҳри Норак таъсис дода шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев дар масъалаи баргузор намудани форуми СҲШ ва таҳияи стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 суҳбат намуд.
День 14 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Зодрӯзи Мазаев ва Рӯзи кормандони додситонӣ: 14 декабр дар таърих
Соли 2013 Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кард.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе дуюмин ҷаласаи навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои 16 декабр

Дар Баҳрайн — Иди миллӣ;
Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлол;
Дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба.

Рӯзи 16-уми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Абдуллозода Файзулло (1947) - шоир;
Акбари Маъруф (1959) - нависанда;
Бечка Иржа (1915 – 2004) – шарқшиноси чех, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
Саидаҳмади Зардон (1958) – нависанда;
Фаршед Каримов (1949) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор;
Ғанӣ Муллоев (1912- 1979)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Икромҷон Неъматов (1940) – меъмор, профессор;
Олга Пижова (1894 – 1972) – коргардони театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала