Боррасони "Яндекс Еда"-и маҷрӯҳ аз зарби корди роҳгузар тоҷик аст

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Боррасоне, ки дар шаҳри Маскав захмӣ шуд, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Боррасоне, ки дар шаҳри Маскав захмӣ шуд, Хайрандеш Худойназаров, шаҳрванди Тоҷикистон аст, таъйид намуд сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои сафорат, шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

"Мутаассифона, курер шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Айни ҳол мо наметавонем ба таври пурра қазияро шарҳ диҳем, зеро тафтишот идома дорад", - иброз доштанд аз намояндагии дипломатии кишвар.

Зикр гардид, ки дар мавриди ин ҳодиса сафорат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва табибони бемористон пайваста дар тамос аст.
Сафорат ҳамчунин таъкид намуд, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин қазия то охир ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад.
Курьер службы доставки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Муҳоҷирони боарзиш: дар Русия гуфтанд, ба кадом корҳо коргар ниёз доранд
Ёдовар мешавем, 14 декабр дар истгоҳи автобуси "Рязанский проспект", дар шаҳри Маскав марди роҳгузаре болои боррасони "Яндекс Еда" ҳамла намуда, ӯро бо корд захмӣ кард.
Гумонбар ба суиқасд, сокини 40-солаи вилояти Кемерово боздошт шуда, муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Дар ояндаи наздик нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала