Футболи Осиёи Марказиро дар соли 2022 чӣ интизор аст

© PixabayЖенский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Соли оянда ҳадди ақал ҳашт мусобиқаи минтақаии футбол байни дастаҳои яккачини ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шоми гузашта дар Душанбе Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор шуд.
Ин нишаст таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ барпо гашт.
Дар он ҳамчунин ноиби президенти CAFA Дастанбек Конокбоев аз Қирғизистон, аъзои Кумитаи иҷроияи CAFA - Равшан Ёрматов аз Ӯзбекистон ва Меҳдӣ Тоҷ аз Эрон, роҳбарон ва вакилони федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон ширкат доштанд. Намояндагони Туркманистон ба таври онлайнӣ пайваст шуданд.
Рустами Эмомалӣ дар суханронии ифтитоҳии худ аз таъсири шадиди пандемияи коронавирус ба ҳаёти варзишӣ гуфт.
"Мо аз он шодем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар шароити пандемия кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, то мусобиқаҳои синну соли гуногунро баргузор намояд", - афзуд ӯ.
Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ қайд кард, ки таъсиси барномаи дастгирии молии AFC барои иттиҳодияҳои минтақаӣ ба густариши имконоти рушди футбол дар Осиёи Марказӣ мусоидат кардааст.
Футбольный тренер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон бо бозигаронашон худоҳофизӣ мекунанд: рӯйхат
Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ дар соли 2022 баргузории ҳашт мусобиқа байни синну соли гуногун таҳти сарпарастии CAFA-ро эълон кард.
Ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Ёрматов пешниҳод кард, ки мусобиқаи Ҷоми Наврӯз миёни дастаҳои мунтахаби яккачини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад. Интизор меравад, ин чорабинӣ дар тақвими мусобиқоти ФИФА ворид карда мешавад.
Инчунин дар конгресс буҷаи CAFA барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала