Боздошти директори ширкати сохтмонии БМВ-савор, ки ба духтарон пул нишон доду дашном кард

© Flickr / Tobias FidelisАвтомашина марки BMW. Архивное фото
Автомашина марки BMW. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Ҷавоне дар пойтахт барои дашному ҳаққорат ва пешниҳоди пул ба духтарон панҷ шабонарӯз ҳабс шуд
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини пойтахтро барои пешниҳоди ду баста маблағ ва озори лафзии ҷавондухтарон боздошт кардааст
Мавриди зикр аст, ки шаби 15-уми декабри солӣ ҷорӣ дар як шабакаҳои иҷтимоӣ навор ва муроҷиати ду нафар ҷавондухтари сокини пойтахт нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронандаи автомашинаи тамғаи "БМВ-530" рақами қайди давлатиаш 1968ММ01 паҳн гардид.
Тавре дар он гуфта мешавад, ҳангоми дар ранги сурхи чароғаки роҳнамо бозистодани автомашинаи муроҷиаткунандагон, дар ин лаҳза автомашинаи “БМВ” ба онҳо наздик шуда, ронандаи он ба гаппартоӣ нисбати духтарон шурӯъ мекунад.
Девушка закрывает лицо руками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Ҷазои ҳуқуқшиноси "Тоҷикфилм" барои гаппартоиву дашноми ҷавонзане дар Душанбе
Сипас ду маротиба бастаҳои маблағро нишон дода, маротибаи аввал бо пешниҳоди 2000 сомонӣ ва маротибаи дуюм бо пешниҳоди 5000 сомонӣ ҷавондухтаронро ба наздаш “даъват” намуда, баъди гирифтани ҷавоби рад онҳоро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додааст.
Ҳамакнун бо гузашти се рӯз ин ҷавони 28-сола С.М.У боздошт шуда, ба иттилои РВКД сокини пойтахт, оиладор, соҳиби 2-фарзанд ва директори ширкати сохтмонии ҶСП "ЭМКА ЭС-Т" мебошад.
Гуфта мешавад, С.У. бо майдаавбошӣ айбдор гардида, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала