Ҳусейнзода мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон дар Исломобод баён дошт

© Дафтари матбуоти ВКХ ТоҷикистонМузаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Исломобод
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории  Исломӣ дар Исломобод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Покистон мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи 17-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Исломобод баргузор шуд, ноиби вазир, Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ кард.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, нишасти 17-уми ғайринавбатӣ ба мақсади ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мушкилиҳои мардуми азияткашидаи ин кишвар баргузор шуд. Таъкид гардидааст, ки мардуми ин кишвар зери хатари гуруснагӣ қарор доранд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Аз вазъи Афғонистон то сармоягузорӣ: Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳинд аз чӣ гуфт?
Манбаъ афзуд, ки Ҳусейнзода мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон баён дошта, барои пешгирии буҳрони башарӣ дар ин кишвар ибрози назар кард.
Қаблан роҳбарияти Тоҷикистон эълон дошта буд, ки барои ироаи ҳар кумаки башардӯстона ба Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Душанбе дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар Афғонистон, эълон дошт, ки ташкили ҳукумати ҳамашумул, бо иштироки тамоми гуруҳҳои этникиро интизор дорад.
Дар нишасти Покистон дар баробари кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ инчунин намояндагони СММ, Русия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Чин, Русия, Олмон, Итолиё, Ҷопон ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала