Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Ҳушдори Раҳмон аз мавҷи нави коронавирус: аз хориҷомадаҳо зери назорат бошанд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Президенти Тоҷикистон аз паҳншавии штаммҳои нави коронавирус ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон аз таҳдиди мавҷи нави коронавирус гуфт.
Ба гуфтаи президент, гарчанде дар Тоҷикистон феълан гирифторӣ ба коронавирус сабт намешавад, бояд мардум "ҳушёр" бошанд.
Ӯ гуфт, имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад.

"Гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд", - таъкид кард перзидент.

Ӯ гуфт, баръакс мардум бояд "ҳушёру эҳтиёткор бошанд" ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.
Ҳамчунин раисҷумҳур таъкид кард, ки мардуми аз хориҷ воридшуда, бояд зери назорат бошанд.

"Онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд. Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд", - гуфт кишвардор.

Бино ба гузориши президент, то имрӯз 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон алайҳи коронавирус ваксина гирифтааст ва раванди эмгузаронӣ бояд боз ҳам вусъат дода шавад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи коронавирус дар Тоҷикистон гуфт ва ба мардум тавсия дод
Кишвардор ваксинагириро ягона роҳи муассири эминӣ аз ин беморӣ хонд.

Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон

Бояд гуфт, наздик ба як моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст.
Дар маҷмуъ аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар кишвар 17095 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16966 шифо ёфта ва 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидааст.
Феълан ҷаҳон аз паҳншавии штамми нави коронавирус - омикрон дар изтироб аст. Ба гуфтаи коршиносон, ин навъи вирус нисбат ба штамми делта 70 баробар зудтар паҳн мешавад.
Ҳушдори Расулзода аз паҳншавии омикрон ва дастур барои пурзӯр кардани тадобир
Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол аз роҳ ёфтани штамми омикрон ба Тоҷикистон хабар надодааст.
Омикрон ҳамакнун дар беш аз 86 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст ва инро Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт боиси нигаронии зиёд медонад.
Раҳбари ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин росто нишаст баргузор кард ва ба масъулини соҳа барои пешгирии паҳншавии омикрон дар Тоҷикистон супориш дод.
Расулзода таъкид кард, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала