Қаллобии як оила дар Душанбе: Пул гирифтанду хона надоданд

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Зану шавҳар бар ивази 20 ҳазор доллар ваъда доданд, ки дар пойтахт хонаи истиқоматӣ медиҳанд, аммо бо гузашти 6 сол ваъдаашонро амалӣ накаданд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе қаллобии як зану шавҳар ошкор шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохила.
Ба иттилои манбаъ, ба Шӯъбаи вазорати мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур як марди 26 - сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кард.
Номбурда ба кормандони милитсия аз болои як марди 44 - сола ва ҳамсари ӯ зани 39 - сола шикоят намудааст. Зану шавҳар ҳанӯз соли 2015 аз ӯ 20 ҳазор доллар гирифта, ваъда доданд, ки бар ивази пул ба ӯ хонаи истиқоматӣ аз пойтахт харида медиҳанд.
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд
Аммо бо гузашти 6 - сол, сокини Душанбе на соҳиби хона шудасту на 20 ҳазор доллари худро баргардонд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ин зан қаблан барои баромадан аз ваколати мансабӣ, қочоқ ва ҳамчунин қаллобӣ суд шудааст. Манбаъ дақиқан зикр накард, ки номбурда дар кадом вазифа қарор доштааст ва ба чӣ ҷинояте даст задааст.
Шикояти зани 50 - сола ба пулис: пули ҳангуфт ба Рустам доду соҳиби хона нашуд
Ҳоло кормандони милитсия алайҳи ин ҳодиса тафтишот мебаранд ва назари муттаҳамон дар ин қазия норӯшан аст.
Лентаи хабарҳо
0