IRS ҳаққи истифода аз масири Душанбе - Чаноқро гарон кард ва сабабашро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПлатный участок дороги в Варзоб, архивное фото
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Ин ширкат тасмимашро ба харҷи зиёди маблағ барои нигоҳубини роҳ ва хариди техника иртибот дод
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҳаққи истифода аз роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ боз ҳам қиматтар мешавад. Дар ин бора ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубини ин масирро бар уҳда дорад, хабар додааст.
Ширкат рӯзи 22-уми декабр дар сафҳаи "Facebook"-и худ бо нашри нархномаи нав аз гарон шудани хидматрасонӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд хабар дод.
Ҳамин тариқ аз 1 январи соли оянда нархи таъруфаҳо дар ин шоҳроҳ ба таври қобили мулоҳиза гарон мешавад. Аз ҷадвали нашрнамудаи ширкат чунин бармеояд, ки нархҳо дастикам 50 фисад ва дар баъзе плазаҳо, аз ҷумла дар плазаи "Варзоб" то зери 70 дарсад ва дар "Деҳмой" қариб ду баробар боло бурда мешавад.
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Масири Душанбе - Чаноқ ҳамарӯза ба муддати ҳафт соат масдуд мешавад
Ин ширкати сабаби гарон намудани таъруфаҳоро ба сохтмони корхонаҳои асфалт, хариди техника ва харҷи зиёди маблағ барои нигоҳубини масири мазкур рабт дод.
Зикр гардид, ки ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз" ЛТД дар 12 соли нигоҳубини ин масир боре ҳам таъруфаҳои хидматгузорияшро боло набурда буд. Ширкат тасдиқ кард, ки таъруфаҳои нав аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории Ҳукумати Тоҷикистон таъйид шудаанд.
Ширкати IRS, ки ҳоло масъули нигоҳубини роҳ ва ҷамъоварии пул аз хадамоти он аст, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабти ном гаштааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала