Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд

© пресс-служба правительства КыргызстанаВышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Намояндагони қудратии Тоҷикистону Қирғизистон феълан вазъ дар марзро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд. Мақомоти қирғиз аз тирпаронӣ хабар медиҳаду ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва то ҳол маълум нест, ки дар марз тирпаронӣ будааст ё не.
Ба гуфти манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳодиса баъд аз зуҳри 22-юми декабр дар сарҳади миёни ҷамоати Овчиқалъача бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рух додааст.
Манбаъ афзуд, намояндагони қудратии Тоҷикистону Қирғизистон феълан вазъро дар ҷои ҳодиса меомӯзанд.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.
Ёдрас менамоем, 17 декабр низ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи ноором дар марзи Тоҷикисону Қирғизистонро шарҳ дода гуфт, дар деҳаи Сомониён сохтмони ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон мунҷар ба муноқиша шудааст.
КДАМ Тоҷикистон тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод
Бинобар нақли КДАМ, он гоҳ сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқӣ бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ барпо намуд, аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд.
Военнослужащие на дороге недалеко от границы Кыргызстана с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар натиҷа сардори дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз авҷи низоъ, бо риояи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.
Намояндагони марзбонии тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, то ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала