Маълум шуд, чанд донишҷӯи тоҷик дар Беларус таҳсил мекунад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузаштан ба хазинаи аксВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макотиби олии Беларус таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш аст
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Феълан дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 1809 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Дар ин бора раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо сафири Беларус дар кишвар Виктор Денисенко хабар дод, менависад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот таъкид гардидааст, робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Беларус рушд мекунанд ва солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус таҳсил менамоянд, дар чорчӯби факултаҳои муштараке, ки таъсис меёбанд, хеле афзоиш ёфтааст.

"Таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Белорус хеле бонуфуз аст, имрӯз дар ин донишкадаҳо беш аз 1809 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки равобити байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус дар доираи беш аз 13 созишномаи байни донишгоҳҳо амалӣ мешавад.
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Зокирзода: Ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба сатҳи бесобиқа расид
Бояд гуфт, донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ майли зиёд доранд.
Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунад
Ҳоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала