Парлумони Эрон омодаи тақвияти равобит бо Тоҷикистон аст

© Посолство Ирана в Таджикистане Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Раиси парлумони Эрон эълон кардааст, ки Маҷлиси Шӯрои Исломиӣ омодаи фароҳам кардани заминаҳои тавсеаи равобити Теҳрону Душанбе дар ҳамаи заминаҳост
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран дар як паёме дар саҳфаи твиттерияш навиштааст, ки дар дидор бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи парлумонӣ ва дигар заминаҳо гуфтугӯву табодули назар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ба гуфтаи вай, оқои Қолибоф бо ишора ба муштаракоти зиёди Эрону Тоҷикистон бар омодагии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ барои тақвият ва тавсеаи муносиботи ду кишвар таъкид кардааст.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ карда буд.
Зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Низомуддин Зохиди посол РТ в Иране встретился зам министром нефти Ирана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нафти Эрон
Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
Ёдрас мекунем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала