Нодирӣ дар бораи фирори Ғанӣ: Ӯ рафтанӣ буд, аммо гурехтанаш ҳама чизро барбод кард

© REUTERS / OMAR SOBHANI Ашраф Гани президент Афганистана
 Ашраф Гани президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Нодир Нодирӣ, раиси Кумиссиюни хидмати давлатӣ ва як узви аршади тими музокиракунандаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфт, Ашраф Ғанӣ ба таслими қудрат ризоят додааст, аммо рафтани ногаҳонии ӯ интиқоли осоиштаи қудратро халалдор кард.
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Бо гузашти чанд моҳ аз суқути Кобул, ки аксарият онро "ҳайратовар" ва "фалокатбор" унвон мекунанд, мақомоти баландпояи ҳукумати собиқ пайи дигар пайдо мешаванд ва мегӯянд, ин суқути фоҷеъабор чӣ гуна ва чаро рух додааст.
Нодир Нодирӣ, як чеҳраи наздик ба Ашраф Ғанӣ, ки масъули Комиссияи хадамоти давлатии Афғонистон ва аз ҷониби Ашраф Ғанӣ ба ҳайси узви аршади ҳайати сулҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбарӣ шуда буд, дар мусоҳиба бо "New York Times" гуфт, Ашраф Ғанӣ рӯзи 12-уми август, пас аз тасарруфи марказҳои вилоёт ба дасти толибон розӣ шуд, қудратро тарк кунад.
Ҳамдулло Муҳиб, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Муҳиб: Халилзод дасти толибонро гирифта, онҳоро ба Кобул овард
Нодирӣ мегӯяд, Ашраф Ғанӣ аз ӯ хостааст, ки 17 август (ду рӯз пас аз суқути Кобул) ба Доҳа биравад, то масъалаи интиқоли қудрат бо толибонро баррасӣ кунад. Аммо дар ҳоле ки 15 август вориди Доҳа шуд, аз фирори Ашраф Ғанӣ ва суқути Кобул хабар гирифтааст.
Қаблан Ҳамдулло Муҳиб, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон ҳар гуна созиш дар мавриди интиқоли қудратро рад ва иддаъо карда буд, ки имкони чунин созиш вуҷуд надошт ва дар ниҳоят онҳо тасмим гирифтаанд, ки фирор кунанд.
Ин иддаоро Нодир Нодирӣ, ки аз ҷониби Ашраф Ғанӣ барои пешбурди музокироти интиқол таъйин шуда буд, рад мекунад ва мегӯяд, ҳатто толибон барои дастёбӣ ба тавофуқ ба ақибнишинӣ водор шуда буданд.
Созише, ки ба гуфтаи Нодирӣ, фирори Ашраф Ғанӣ онро халалдор кард.
Министр Обороны Афганистана Бисмилла Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Ривояти Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ аз рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ: Матинбек моро фиреб дод
Ин чеҳраи наздик ба Ашраф Ғанӣ низ аз монополияи Ашраф Ғанӣ дар қудрат шикоят мекунад ва мегӯяд, ӯ қудратро ба ҳадде инҳисор карда буд, ки тасмимҳо танҳо ба чанд нафар дар кохи раёсатҷумҳурӣ маҳдуд мешуданд.
Ба гуфтаи Нодирӣ, ин монополияи қудрат боис шуд, ки пас аз фирори Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш ҳеҷ низоме вуҷуд надошта бошад.
Оқои Нодирӣ бо ишора ба суқути Кобул ба дасти толибон, ки худро низ дар суқути он гунаҳкор медонад, гуфт, ин гуна иқдоми низомӣ кишварро 50 сол ба ақиб мебарад ва ранҷу азоби мардумро дароз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала