Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ сабаби таъхир дар тасдиқи "Спутник V"-ро шарҳ дод

© Sputnik / Максим БогодвидМедицинский работник держит в руках ампулу с вакциной "Гам-Ковид-Вак" ("Спутник V")
Медицинский работник держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак (Спутник V)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Омӯзиши ваксинаи сохти Русия - "Спутник V" то охирҳои моҳи январи соли 2022 идома меёбад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамоно ваксини "Спутник V"-ро тасдиқ накардааст ва сабабашро ба санҷиши дурударози раванди технологӣ раб дод.
Намояндаи созмони мазкур Маргарет Ҳаррис дар суҳбат бо хабаргузории RT гуфтааст, ки барои расман тасдиқ шудани ин ваксина маълумоти пурра дар бораи муассирӣ, бехатарӣ ва ҳамчунин ҳуҷҷатгузорӣ дар бораи технологияи тавлид зарур аст.

"Аксари вақт санҷиши равандҳои технологӣ ба хотири муайян намудани тамоми ҷузъиёт замони зиёд талаб мекунад", - афзуд намояндаи СҶБ.Ӯ гуфт, тасдиқи ваксинҳои дигар низ ба ҳамин усул анҷом шуд.

Ёдовар мешавем, Русия дар охири моҳи октябри соли 2021 барои сабти номи "Спутник V" ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дархост пешниҳод карда буд. Аммо раванди тасвиб дар авоили тирамоҳ мутаваққиф, баъдан, дар моҳи октябр аз сар гирифта шуд.
Санҷиши навбатӣ на дертар аз январи соли 2022 гузаронида мешавад.
Қаблан роҳбари дафтари минтақаии СҶБ дар Аврупо, Ҳанс Клюге гуфта буд, ки созмон метавонад ин ваксинаро дар семоҳаи аввали соли 2022 тасдиқ кунад.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҷанги ваксина: чӣ гуна Аврупо бо Спутник V мубориза мебарад
Ҳоло ваксинаи русӣ дар 71 кишвари дорои ҷамъияти 4 миллиард нафар истифода мешавад. Ин зиёда аз 50% шумораи умумии аҳолии Заминро ташкил медиҳад.
"Спутник V"аз рӯи шумораи иҷозатҳо аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи давлатӣ дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад.
Бархе аз сиёсатмадорони рус ва хориҷӣ борҳо таъкид кардаанд, ки тасвиби сусти ваксинаи Федератсияи Русия ба далоили сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала