Ҳукм бетағйир монд: додгоҳи шаҳри Маскав ихроҷи Чоршанбиевро тасвиб кард

© Instagram Чоршанбе ЧоршанбиеваЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Додгоҳи шаҳри Маскав ихроҷи размкори шинохтаи тоҷик Чоршанбиев аз Русияро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи чаҳоршанбе қарори ихроҷи варзишкори муҳорибаҳои омехта Чоршанбе Чоршанбиев аз Русияро тасдиқ кард, хабар додааст дафтари матбуотии додгоҳ ба РИА "Новости".
Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи декабр варзишкор барои қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ гунаҳкор дониста шуда, додгоҳ ӯро 5000 рубл ҷарима ва барои ихроҷаш аз Федератсияи Русия ҳукм содир кард.
"Ҳукми додгоҳи Останкинои Маскав бетағйир монда, шикоят қонеъ нашудааст", - гуфтааст ҳамсуҳбати оҷонсӣ.
Гуфта мешавад, ҳукми додгоҳ аз 29 декабр эътибори қонунӣ пайдо карда, дар ояндаи наздик бояд иҷро шавад. Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Маскав буда, мунтазири ихроҷ аст.
Ёдовар мешавем, размкори шинохтаи тоҷики ширкати "Fight Nights Global промоушн" Чоршанбе Чоршанбиев барои пойга дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардида буд.
ММА Бой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Роҳбари AMC "Fight Nights" аз қарзи Чоршанбеев гуфт: "Надиҳад, бо дигар забон гап мезанем"
Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.
Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Вай аз соли 2016 дар Маскав ба сар мебарад. Чоршанбиев як узви "Fight Nights Global", қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад. Ӯ миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.
Номбурда дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи "Fight Nights Global" бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала