Ҳикматёр гуфтааст, кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистонро ҷиддӣ бояд гирифт

© AFP 2022 / WAKIL KOHSARГульбеддин Хекматияр, архивное фото
Гульбеддин Хекматияр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин нахусти бархурди Ҳикматёр ба Ҷабҳаи муҷовимати милли афғонистон нест
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон аз боз шудани дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар дигар кишварҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора Sputnik Афғонистон аз як суханронии Ҳикматёр гузориш медиҳад
Ӯ гуфтааст, фирори афғонҳо аз ин кишвар паёмадҳои бад хоҳад дошт, зеро ба гуфтаи Ҳикматёр, Бритониё, Амрико ва бархе аз кишварҳои дигар барои зархаридӣ дар пайи ҷалби онҳо ҳастанд.
Ҳикматёр гуфт, ки кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистон, Амрико ва Аврупо бояд ҷиддӣ гирифта шавад.
Ин дар ҳолест, ки Ҷабҳаи муқовимат танҳо расман аз бозшавии дафтараш дар Вашингтон гузориш дод ва дар мавриди Тоҷикистону Эрон ва Аврупо чизе нашр накардааст.
Раҳбари Ҳизби исломӣ мегӯяд, НАТО ва кишварҳои узви ин паймон пас аз шикасти нанговар қасос гирифта, шаъну эътибори аз даст рафтаи худро барқарор мекунанд.
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ғаразе надорем: Раҳмон роҳи ба сулҳ расидани Афғонистонро нишон дод
Оқои Ҳикматёр гуфтааст, ин кишварҳо бар ҳукумати нави Афғонистон фишорро дучанд кардаанд, таҳримҳо ҷорӣ кардаанд ва дороиҳои бонкии Афғонистонро масдуд кардаанд.
Вай афзудааст, ки НАТО аз мухолифин пуштибонӣ мекунад, ва тими муқовиматро "кӯлобнишинон" унвон кардаст, ки барояшон дар Вашингтон дафтар боз шуд.
Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.
Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан аз Душанбе ба Теҳрон рафт.
Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15 август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд фарзанди қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.
То кунун ин ягона нерӯе ҳаст, ки дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.
Лентаи хабарҳо
0