Ганҷинаҳои миллат: захираи тилои давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди ақал расидааст

© Pixabay / Stevebidmead Слитки золото, архивное фото
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Давоми ду соли ахири пандемия Тоҷикистон 65% захираҳои тилои худро, ки дар ихтиёри Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар қарор доштанд, аз даст дод
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ҳаҷми захоири давлатии тилои Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 коҳиш ёфт, хабар медиҳад "Goldomania.ru" бо такя ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тило.
Тибқи маълумоти мавҷуда, захираи тило дар кишвар аз 22,3 тоннаи соли 2019 ба таври назаррас коҳиш ёфта, дар охири соли 2021 ба 8 тонна расидааст.
Дар ин маврид сухан дар бораи захираи тилое меравад, ки дар ихтиёри Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Аммо дар мавриди кишварҳои ҳамсоя бошад, баръакс динамикаи афзоиши захираҳо ба назар мерасад:
Қазоқистон — 40,3 тонна (хаҷми умумӣ — 390,7 тонна);
Қирғизистон – 6 тонна (ҳаҷми умумӣ – 16,8 тонна);
Ӯзбекистон — 4,6 тонна (хаҷми умумӣ — 340,5 тонна).
Золото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
"Зарафшон" - бузургтарин корхонаи тиллои тоҷик дигарбора ба кор даромад
Дар мавриди Русия бошад, он дар байни кишварҳои пасошӯравӣ пешсаф аст. Дар аввали соли 2021 дар ин кишвар захираи давлатии тило ба миқдори 2298,6 тонна мавҷуд буд. Дар давоми ду соли охир захираи тило 185,6 тонна зиёд шудааст.
Маълум аст, ки Тоҷикистон дар давраи пандемия фурӯши металлҳои қиматбаҳоро афзоиш дод, ки он тақрибан нисфи содироти кишварро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2020 ҷумҳурӣ ба маблағи тақрибан 690 миллион доллар санги қиматбаҳо фурӯхтаааст. Ин бештар аз нисфи ҳаҷми содироти кишвар дар соли гузашта мебошад.
Қобили зикр аст, ки истихроҷи аслии тило дар Тоҷикистон аз корхонаи муштараки тоҷику чинии “Зарафшон” ба даст меояд, ки ҳудуди 70 дарсади ҳаҷми умумии ин моддаи истихроҷшударо ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ умуман зиёда аз 10 корхонаи заршӯӣ кор мекунад.
Ёдовар мешавем, қаблан Саридораи геологияи тоҷик хабар дода буд, ки ҳаҷми захираҳои тасдиқшудаи тило дар конҳои кишвар ҳудуди 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала