Бастрикин: Барои коҳиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон шеваҳои нави бархӯрд лозиманд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание коллегии Следственного комитета РФ
Заседание коллегии Следственного комитета РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия боиси тасмимоти мақомот дар ҷиҳати ба вуҷуд овардани роҳкорҳои ҷадиде барои пешгирӣ аз ин гуна маворид шудааст
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА “Новости” гуфт, дар ҷиҳати мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ миёни онҳое, ки ба Русия барои дарёфти пул меоянд, бояд раванди муҳоҷиратро беҳтар кард.
"Ҳалли мушкилоти афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирони корӣ бархӯрди навро тақозо мекунад. Бештари онҳо ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар аксари мавориди ҳадафи мағзшӯӣ қарор мегиранд", - афзуд Бастрикин.
Ҳамчун мисол ӯ аз як зодаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуд, ки моҳи марти соли гузашта аз ҷониби кормандони ФСБ-и Русия барои ташкили як таркиш дар як маркази савдо дар Майкоп боздошт шуда буд. Аз ин мард ҷузъҳои бомби худсохт бо унсурҳои зарбазан, дастури истеҳсоли он, рамзҳои гурӯҳи ДИИШ* ва инчунин ҳуҷҷатҳои қалбакии муҳоҷиратӣ дарёфт карданд.
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Қаблан намояндаи расмии Кумитаи тафтишотӣ Светлана Петренко гуфта буд, ки барои суръат бахшидани раванди тафтишоти ҷиноятҳои содиршуда аз сӯйи муҳоҷирон бояд кортҳои махсуси пластикӣ роҳандозӣ шавад, ки дар он тамоми маълумоти шахсӣ дар бораи ҳар як муҳоҷир, аз ҷумла изи ангуштон низ ҳифз мешаванд.
* -созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала