Падари Чоршанбе пас аз дидор бо ӯ: Ҷои гарм, либоси тоза ва шароити хуби тамрин дорад

© Instagram Чоршанбе ЧоршанбиевЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Падар ва модаркалони размикори боздоштшудаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев иҷозати дидор бо ӯро пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Чоршанбе Чоршанбиев, размикор ва блогери боздоштшудаи тоҷик ахиран иҷозати дидор бо пайвандонашро дарёфт кард.
Ба хабаргирии ӯ падар ва модаркалонаш рафтаанд ва пас аз дидор бо ӯ аҳволи Чоршанберо хуб арзёбӣ карданд.
Пайвандони размикори боздоштшуда пас аз вохӯрӣ бо ӯ дар боздоштгоҳ дар як сабти мустақими видеоии Музаффари Имомдод, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ дар кишвар таассуроти худро бораи шароити зисти Чоршанбе дар боздоштгоҳ изҳор доштанд.
Авазхон Чоршанбиев гуфт, фарзанди ӯ дар боздоштгоҳ бо ҷойи гарм, либоси тоза таъмин аст. Ба таъкиди ӯ, барои Чоршанбе ҳатто шароити тамрин кардан ҳам фароҳам шудааст.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Ҷиноят накардаам: паёми Чоршанбиев аз зиндон дар мавриди эҳсосот, айб ва шиканҷа
Падари размикор барои доштани чунин шароит ба масъулини боздоштгоҳ ва ба нафароне, ки дидорбинии онҳоро имконпазир намуданд, арзи сипос кардааст.
Ҳамчунин, модаркалони Чоршанбе низ гуфт, "набераамро дидам, сиҳату саломат ва шароити нигаҳдории ӯ хуб аст".
Қаблан гуфта мешуд, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа бо дархости пайвандони Чоршанбиев барои ӯ се вакили мудофеъ ҷудо кардааст. Эътилоф гуфт, Чоршанбе рӯзи чаҳоруми январ бо вакилони мудофеаш мулоқот карда ва изҳор доштааст, ки ҷинояте содир накардааст.
"Бахшеду раҳояш кунед": рақиби ашадии Чоршанбе аз Тоҷикистон озодии ӯро хост - видео
Чоршанбиев барои нақзи қоидаҳои ҳузур аз Русия депорт шуда, 30 декабр дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар доданд.
Аммо дар иттилоияи Эътилофи зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки феълан алайҳи ӯ бар асоси Кодекси ҷиноӣ, моддаи 307, қисми 2, бандҳои "а" ва "г" айб эълон шудааст. Ин бандҳо муҷозоти маҳрумсозӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0