Фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иваз шуд

© © Пресс-служба ЦВОЦеремония открытия учений "Центр-2019"
Церемония открытия учений Центр-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Дар ҳавзаи низомии пойгоҳи 201 - уми Русия дар Тоҷикистон фармондеҳи нав муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон фармондеҳи нави пойгоҳи низомии Русия таъйин шуд, гузориш медиҳад хабамоти матбуотии пойгоҳи мазкур.
Ба иттилои манбаъ, фармондеҳи пойгоҳи низомии 201- уми Русия мустақар дар Тоҷикистон, полковник Евгений Ковилин шуд, ки қаблан низ дар ҷумҳурӣ хидмат мекард.
Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, дар як тамоси видеоӣ аз таъйини нав ба раҳбарияти ҳавзаи низомӣ хабар дод.
"Полковник Евгений Ковилин Омӯзишгоҳи фармондеҳии олии ҳарбии танкии Қазон, сипас Академияи муттаҳидаи аслиҳаи ба номи М.В.Фрунзеро хатм кардааст. Ӯ дар минтақаҳои Урал, Поволже ва Тоҷикистон хидмат кардааст", - омадааст дар хабар.
Округи марказии ҳарбӣ инчунин аниқ кард, ки Ковилин пай дар пай ҳамаи вазифаҳо — аз командири взвод то сардори штаби маркази таълимии ноҳия оид ба тайёр кардани мутахассисони хурдсолро гузашт.
Илова бар ин, фармондеҳи пойгоҳи низомии 201 бо медали "Барои хизмат дар назди Ватан", дараҷаи II, медали Суворов қадрдонӣ шуда, инчунин ҷоизаҳои Вазорати дифои Русияро дарёфт кардааст.
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Генерал Лапин: Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сипари СААД дар баробари террористҳост
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Федератсияи Русия берун аз марзи он буда, пойгоҳи 201 ба ҳайати Ҳавзаи марказии ҳарбӣ шомил аст.
Бояд гуфт, пойгоҳи низомии Русия дар ду шаҳри Тоҷикистон, Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Лентаи хабарҳо
0