Тоҷикистон даври сеюми моякӯбӣ алайҳи COVID-ро эълон мекунад

© Пресс-служба ЦВОВ Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса
В Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Гурӯҳи одамоне, ки бояд дар навбати аввал вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро гиранд, маълум шуд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аввалин шуда, табибон вояи сеюми ваксинаи зидди COVID-19-ро мегиранд, хабар доданд аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров, дар навбати баъдӣ омӯзгорон, хидматчиёни давлатӣ ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ бояд вояи сеюмро бигиранд.
Мақомоти кишвар бо дарназардошти пайдо шудани як штамми нави коронавирус, омикрон, ки вуҷуди он дар кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон расман сабт шудааст, ба реваксинатсия шуруъ кардаанд.
Ҷаъфаров қайд кард, ки аллакай дар пойтахт раванди гирифтани вояи сеюм барои тамоми кормандони соҳаи тиб шуруъ шудааст. Минбаъд вояи сеюми ваксинаро пизишкони манотиқи дигари кишвар низ мегиранд.

"Барои эмгузаронии дигарбораи тамоми сокинони Тоҷикистон интизори иҷозаи ситоди ҷумҳуриявӣ ҳастем, то тадобири зиддиэпидемияиро барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 тақвият кунад", - гуфт Ҷаъфаров.

То кунун дар Тоҷикистон 68,6%-и аҳолӣ вояи якуми ваксина ва 57% вояи дуюмро гирифтааст.
Тестирование россиян на наличие антител к COVID-19  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Тақвияти назорати беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ба далели таҳдиди штамми омикрон
Илова бар ин Ҷаъфаров дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир ба далели пайдоиши штамми омикрон афроде, ки ба кишвар ворид мешаванд, барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, дар ин хусус "вазъият дар кишвар ором аст". Бо вуҷуди ин дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ чораҳои иловагии ҳифзи эпидемиологӣ андешида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон бар зидди коронавирус сокинон бо ваксинаҳои "Sputnik V," "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала