Баррасии масъалаи пешгирӣ аз бемориҳои сироятии мавсимӣ дар Душанбе

© Pexels / cottonbroБольной пьет горячий напиток
Больной пьет горячий напиток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе масъалаи пешгирӣ аз бемориҳои сироятии мавсимӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҷаласа қайд кардааст, ки бояд фаъолияти асосӣ ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии мардум нисбат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил равона карда шавад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятии мавсимӣ, камхунӣ дар байни занони ҳомила, фарбеҳӣ дар байни наврасону ҷавонон ва пиронсолон, дар шаҳри Душанбе пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ, махсусан эмгузаронии оммавии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, назорати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар хидматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Вазорати тандурустӣ гуфт, чанд нафар дар Тоҷикистон ваксина гирифт
“Ҳадаф аз баргузории чунин ҷаласаҳо дар сатҳи баланд таъмин намудани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолии пойтахт, рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мебошад”, - зикр гашт тайи ин ҷаласа.
Гуфта мешавад, дар ҷиҳати таъмини хидматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала