Шералӣ Кабир: Аз 100 кони Тоҷикистон 50 моддаи хом истихроҷ мешавад

© Sputnik Шерали Кабир, министр промышленности РТ
Шерали Кабир, министр промышленности РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ изҳор доштааст, ки ҷумҳурӣ захираҳои зиёди зеризаминӣ дорад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав дар нишасте, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақаӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ дар сиғаи видеоконфронс баргузор кард, гуфт, дар Тоҷикистон аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Вай афзуд, аз ин конҳо зиёда аз 50 намуди моддаи хоми минералӣ истихроҷ мешавад.
Ҳамчунин Шералӣ Кабир афзуд, саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад.
“Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ, аз замоне ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд, заминагузорӣ гардида буд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд”, - гуфт вазири саноати кишвар.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
Инчунин Шералӣ Кабир дар ин ҷаласа изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо барои тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омодааст.
Ёдовар мешавем, ки нишасти "Future Minerals" ахаиран дар Маркази конфронсҳои байналмилалӣ ба номи шоҳ Абдул Азиз дар Риёз ҷараён гирифт.
Нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси Ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии зиёда аз 95 кишвари ҷаҳон ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ намуданд. Дар нишасти мазкур вазирони саноати 31 кишвар иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала