Қурби рубл дар Тоҷикистон поё рафт: бо доллару евро чӣ шуд?

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Қурби рубл ҳеҷ натавонистааст ба нишондиҳандаҳое, ки дар аввали соли 2022 буд, боло равад. Ин асъор чанд ҳафта паиҳам поин рафтанро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Арзиши асъори русӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ қариб ду сомонӣ коҳиш ёфтааст
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 148,2 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 150 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравиҳои ҳафтаи гузашта, каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.9261 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.9577 сомонӣ медоданд.
Ин асъор сар аз охирҳои декабри соли 2021 то кунун дар ҳоло шинокунанда қарор дорад.
Доллар аз аввали соли 2022 дар ҳамон сатҳи муқарраршуда боқӣ монда, як доллар ба 11,3 сомонӣ баробар аст.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9261 то 13.1000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.0.1482 то 0.1500 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0