Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

COVID дар Қирғизистон: кӯдакони аз 12-сола боло ваксина мешаванд

© Pixabay/kfuhlertВакцинация
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати беҳдошти ин кишвар тасдиқ намуд, ки кӯдакони аз 12-сола боло моякӯбӣ мешаванд, вале на ҳама
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Қирғизистон кӯдакони аз 12-сола болоро ваксина мезананд. Қаблан чунин хабар дар расонаҳои ин кишвар пайдо шуда буд. Ахиран намояндаи Вазорати тандурустии Қирғизистон Гулбара Ишинепасова тавзеҳ додааст, ки кадом кӯдакон ваксиназанӣ мешаванд.
Ба таъкиди ӯ, дар Қирғизистон кӯдаконе, ки синнашон ба 16 расидааст ва ҳамзамон худ хоҳиши ваксинагирӣ доранд, моякӯбӣ мешаванд. Ба маълумоти ӯ, аллакай 5-6 ҳазор кӯдакон дар ин синну сол ваксина гирифтаанд.
Дар мавриди ваксиназании кӯдакони аз 12-сола боло номбурда гуфтааст, вазорат танҳо кӯдаконеро, ки зарурати парвоз бо волидони худ ба кишварҳои хориҷӣ доранд ва он давлат моякӯбиро талаб намояд, ваксина мекунад.
Врач-педиатр в больнице с ребенком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Вазири тандурустӣ аз махсусияти гирифтории кӯдакон ба коронавирус гуфт
Ба боварии Ишинепасова, дар Қирғизистон шояд 100 кӯдаки аз 12-сола боло зарурати ваксина гирифтанро дошта бошад.
Ҳоло кӯдакони ин кишвар бо ваксинаи "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.
Намояндаи вазорат илова кард, ки дар оянда тибқи тавсияи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар мавриди зарур будан ё набудани ваксиназании кӯдакон амал менамоянд.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон танҳо афроди аз 18-сола боло ваксина мегиранд. Ба таъкиди Вазорати тандурустӣ, ҳоло моякӯбӣ шудани кӯдакон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст ва Тоҷикистон тасмими СҶБ-ро интизор аст.
Лентаи хабарҳо
0