Барфрезиҳо идома меёбад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид идома дошта, боридани барфи зиёду тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ аз хатароти асосӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бино ба пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ, дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.
Ба итилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 12-17 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо шабона ва саҳаргоҳон бориши бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд.
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Фаврӣ: роҳи Душанбе - Хуҷанд боз шуд
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои қисман абрнок мунтазир буда, дар ноҳияҳои алоҳида шабона ва саҳаргоҳон борони бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Эҳтиёт бошед: ҳушдори якбора бад шудани обу ҳаво дар Тоҷикистон
Бориши борону барф ва фаромадни меғ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳам пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0