Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар барбари лағви сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон ҳамтоёни қирғизу ӯзбек ва туркману қазоқи ӯ ҳам ба Ҳиндустон нахоҳанд рафт
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ANI.
Иллати лағви сафари роҳбари давлат ба Ҳиндустон авҷи марзии коронавирус дар ин кишвар гуфта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон мебоист дар ҷашни Рӯзи ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок мекард. То ҳол дафтари матбуотии президент дар бораи сафари роҳбари давлат ва ҳамакнун лағв шудани он чизе нанавиштааст.
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Ҳиндустон ба Тоҷикистон ваъдаи кумаки бебозгашт дод
Манбаъ меафзояд, ба Рӯзи ҷумҳурӣ, ки 26 январ баргузор мешавад, кишвардорони Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд, вале ба далели авҷи бемории коронавирус сафари ҳамаи онҳо ба Ҳинд лағв шуд.

"Ҳукумат ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъватнома ирсол кард, аммо ҳоло нақша тағйир ёфт", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи "The Times of India" навишта буд, ки Ҳинд масъалаи даъвати раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро ба ҷашни Рӯзи ҷумҳурӣ баррасӣ мекунад. Қарор буд, ки меҳмонони аслии паради анъанавӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар Деҳлӣ раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бошанд.
Ҳинд таҷрибаи даъвати як гурӯҳи раҳбарони хориҷиро ба Рӯзи ҷумҳуриро дошт. Дар соли 2018 раҳбарони 10 кишвари узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар он реҷа ширкат карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0