Баҳси амният: иштироки сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Сергей Лавров

© ВКХ ТоҷикистонМулоқоти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав
Мулоқоти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо вазири умури хориҷии Русия мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дидори Гулмаҳмадзода ва Лавров дар доираи мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо вазири хориҷии Русия баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот, ки ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок доштааст, густариши ҳамкориҳо дар доираи созмон баррасӣ шудаанд.

"Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақаии ҳудуди ИДМ дар соли 2021 натиҷагирӣ гардид.
Иттиҳоди Давлатҳои Дустақил феълан 11 кишвари соҳибистиқлолро дар бар мегирад. Санад дар бораи ташкили ин созмон моҳи декбари соли 1991 имзо шудааст.
Президент Ирана Ибрагим Раиси на заседании Госдумы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Раисӣ: НАТО нияти интиқоли террористҳо ба Осиёи Миёнаро дорад - видео
Айни ҳол дар ИДМ Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина ва Туркманистон узванд. Гурҷистон аз ҳайати созмон моҳи августи соли 2009 хориҷ гардид.
Лентаи хабарҳо
0