Шодбошии пурҳаяҷони як низомии собиқ дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Барои муборакбодии ин собиқадор ҳамчун туҳфа консерти нафасӣ доир намуданд ва мусиқиҳои замони ҷангро иҷро карданд
Дар Душанбе ба табрики Тошпӯлод Ҳасанов, собиқадор ва майори мустаъфӣ хизматчиёни воҳиди муҳандис - сапёри пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон омаданд. Ҳасановро барои солгарди таъсиси нерӯҳи муҳандисӣ шодбошӣ карданд.
Ҳамчун туҳфа ҳайати низомии оркестри пойгоҳи низомии 201 консерти нафасӣ ташкил намуда, асарҳои машҳури мусиқии солҳои ҷангро иҷро карданд.
Ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии ротаи муҳандисию сапёрӣ табрикоти видеоиеро сабт намуда, ба собиқадор саломатии бардавом ва умри дароз таманно намуданд.
Бобои Хуҷаи 96 – сола, ягона собиқадори ҶБВ дар ноҳияи Ёвон
Собиқадори тоҷик меҳмононро ба хона таклиф кард ва сари як пиёла чой аз рӯзҳои хизматаш ёдоварӣ шуд.
Тошпӯлод Хасанов 15 феврали соли 1930 таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи ҳарбии инженерии Ленинградро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1961 то соли 1978 дар дивизияи 201-уми савораи тирандози шаҳри Душанбе командири ротаи инженерӣ, сардори хидмати инженерии полк будааст.
Баъдан дар Вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳайси мушовир-муҳандис кор кардааст. Ин собиқадор бо мукофотхои идоравии Иттифоқи Шӯравӣ ва дипломи Ҳукумати Федератсияи Русия мукофоонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0