Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бунгоҳи тиббӣ месозанд

Строитель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳамчунин барои сокинони ин ноҳия сохтмони толори варзишӣ низ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Интизор меравад, соли равон дар ноҳияи Шуғнон ду бунгоҳи тиббӣ сохта ва ба истифода дода шавад.
Масъалаи сохтмони бунгоҳҳоро раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ Ҷумъа Ҷумъазода бо масъулини "Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ - иқтисодӣ" барассӣ намуд. Ин лоиҳа бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимои маблағгузории Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.
Бинобар иттилои ҳокимияти ноҳияи Шуғнон, дар мулоқот нақшаи лоиҳаҳои соли 2022, ки дар ноҳияи мазкур сохта мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакцинация в Гостином дворе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум гардид, ки чанд нафар дар ноҳияи Шуғнон ваксин гирифтааст
Манбаъ меафзояд, сохтмони як толори варзишӣ дар ноҳияи Шуғнон низ дар назар аст.
Гуфта мешавад, минтақаи лоиҳавӣ ҷамоатҳои деҳоти Ванқалъа, Вер, Навобод, Сӯчон, М. Ширинҷонов, Поршинев ва Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон шомил мешавад.
Мақсади асосии лоиҳаи зикргардида мусоидат намудан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ баҳри беҳтар гардонидани сифати инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, васеъ намудани доираи имконият ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0