Тоқаев аз кишварҳои ОМ ва Ҳиндустон даъват кард, ки Афғонистонро танҳо нагузоранд

© AFP 2022 / Wakil KohsarЖенщины в бурках во время снегопада в Кабуле
Женщины в бурках во время снегопада в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қозоқистон кумаки амалӣ ба Афғонистон, аз ҷумла ёрии башардӯстона ба ин кишварро идома медиҳад, гуфт раисҷумҳури Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд муроҷиат кард, ки Афғонистонро бо мушкилоташ танҳо нагузоранд.
Тоқаев дар нахустин нишасти онлайнии Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон қайд кард, ки Қазоқистон ҳамкориҳои амалии худро бо Афғонистон идома дода, ба он ҷо ба таври даврӣ дар маводи ғизоӣ, молҳои зарурӣ ва доруворӣ мефиристад, менависад Sputnik Қазоқистон.

"Бо вуҷуди ақидаҳои сиёсӣ ва эътиқоди шахсии худ, мо набояд Афғонистон ва мардуми онро бо мушкилоти бесобиқа ва таҳдиди буҳрони башарӣ танҳо гузорем", - гуфт раисҷумҳури Қазоқистон.

Тоқаев изҳори бовар кардааст, ки Афғонистони амну субот барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиё уфуқҳои нав мекушояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Мулоқоти президентҳо: Раҳмон аз савдо, сармоя, амният ва Афғонистон гуфт
Қаблан раисҷумҳури Қазоқистон мизони нокифояи нишондодҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндро дар ҳоли доштани зарфияти куллии иқтисодӣ эълом карда буд.
Мубодилоти мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар соли 2020 ба се миллиард доллар расида, ҳиссаи Қазоқистон дар ин тиҷорат 80 дарсадро ташкил додааст.
Ҳушдори Созмони Байналмилалии Кор аз афзоиши бекорӣ дар Афғонистон гуфт
Сарони кишварҳо дар нахустин нишасти маҷозии Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон дурнамои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи кишварҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин ҳамоиш руасои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва нахуствазири Ҳинд ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0