Баррасии масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Чин

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксПограничный столб. Таджикско-афганская граница.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Чин дар масъалаи сарҳади давлатӣ дар шакли видеоконфронс баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе дар шакли маҷозӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Чин дар масъалаи сарҳади давлатӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни нишаст тарафҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба низоми сарҳадӣ, азназаргузаронии сарҳади давлатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди пандемияи COVID-19, интиқоли бор ва ҳамкорӣ дар самти назорати сарҳадиро муҳокима намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷҷаласаи мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Масофаи умумии сарҳади Тоҷикистону Чин 494,95 километрро ташкил медиҳад. Қариб тамоми сарҳад бо баландиҳои қад-қади қаторкӯҳҳои Помир дар ВМКБ Тоҷикистон ва аз тарафи дигар аз қисмати ҷанубу ғарбии Вилояти Мухтоори Синтзян Уйғури Чин аз тарафи дигар мегузарад.
Флаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Тоҷикистон аз Чин ним миллион ваксинаи зидди коронавирус дарёфт кард
Соли 2011 байни Тоҷикистон ва Чин як созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид, ки мувофиқи он нуқтаи ягонаи гузаргоҳ бо мақоми байналмилалӣ дар сарҳади давлатии ду кишвар гузаргоҳи Кулма-Карасу дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи Қашғар дар вилояти мухтори Синтсзян Уйғури Чин.
Роҳ ба нуқтаи гузаргоҳ аз Тоҷикистон аз деҳаи Мурғоб мегузарад ва дар баландии 4365 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар зимистон, ин қисмати сарҳад бо барфи зиёд фаро гирифта шудааст, ки ҳаракатро мушкил месозад.
Ягона долони байни Тоҷикистон ва Чин аз ағбаи Кулма мегузарад, ки роҳи муҳимтарини тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар мебошад. Роҳи автомобилгарди қисми ғарби Тоҷикистон бо Чин аз қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар наздикии деҳаи Мурғоб, ба самти Чин ва дар шимолиҚирғизистон мегузарад.

Лентаи хабарҳо
0