Аз демократия то интернету инқилоб ва марҳилаи нав дар изҳороти муштараки Путин ва Ҷинпин

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВизит президента РФ Владимира Путина в Китайскую Народную Республику
Визит президента РФ Владимира Путина в Китайскую Народную Республику - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Роҳбарони Русия ва Чин изҳороти муштараке дар мавриди марҳилаи нави муносиботи байналмилалиро имзо намуда, мавқеъгириҳои калидияшонро зикр кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, роҳбари Чин изҳороти муштарак дар мавриди муносиботи байналмилалӣ имзо карданд, ки ба марҳилаи нави рушди устувор ворид мешаванд.

"Ҷонибҳо ҳамовозанд, ки демократия арзиши умумибашарист, на бартарияти давлатҳои алоҳида ва густаришу ҳифзи он вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонист", - омадааст дар изҳороте, ки Кремл нашр кардаст.

Дар феҳрасти бандҳои калидии изҳорот инчунин зикр шудааст, ки Маскав ва Пекин дар баробари дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии кишварҳои мустақил истодагарӣ мекунанд, зидди зери хатар гузоштани амнияти ҷаҳонӣ ва инқилобҳои ранга мебошанд.
Ин ду кишвар азм доранд, фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхайро таҳким бахшанду давлатҳои дорои силоҳи ҳастаиро даъват кардаанд, ки хатари сар заданги ҷанги ҳастаиро коҳиш диҳанд.
Инчунин Маскаву Пекин хостори тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" шудаанд.
Президент РФ В. Путин провел встречу с министром юстиции РФ К. Чуйченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Путин: ИМА нигарониҳои асосии Маскавро нодида гирифтааст
Сарварони ду кишвар аз ҳамкорӣ дар самти рушди устувори Арктика, баробарҳуқуқӣ дар идораи интернет истиқбол карда, талошҳо барои маҳдудиятҳо дар танзими бахшҳои миллии интернетро номақбул медонанд, зикр шудаст дар изҳорот.
Дар баробари ин Чину Русия ҷонибдорияшонро аз тартиботи ҷаҳонӣ, ҳифзи эътибори СММ ва адолат дар муносиботи байналмилалиро баён дошта, талошҳо барои инкор, таҳриф ва тақаллубсозии таърихро маҳкум намудаанд.
Таъкид шудааст, ки ягон давлат набояд амнияти худро аз ҳисоби амнияти кишварҳои дигар ва ҷудо аз бехатарии ҷаҳонӣ таъмин созад.
Ҳушдор дода шудаст, ки давлату эътилофҳои алоҳидаи низомӣ-сиёсӣ бо қасди ба даст овардани бартарияти низомӣ бар зарари амнияти дигарон рақобатҳои геополитикиро шидддат бахшида, амнияти ҷаҳониро зери хатар мегузоранд.
Дар ин робита ҷонибҳо изҳор доштаанд:
зидди густариши минбаъдаи НАТО мебошанд;
Эътилофи Атлантики шимолиро даъват мекунанд, аз бархӯрдҳои хоси замони ҷанги сард худдорӣ кунад;
мухолифи ташкили блоку лагерҳои муқобил дар минтақаи Осиёю уқёнуси Ороманд.
Русия ва Чин изҳор доштаанд, хостори низоми баробар, шаффоф ва ҳамашумули амниятӣ мебошанд, ки ба зидди кишварҳои сеюм дар қаламрави Осиёю уқёнуси Ором равона нашуда бошад.
Чин инчунин ҷонибдорияшро аз пешниҳодҳои Русия дар мавриди кафолатҳои аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда дар Аврупо тарафдорӣ менамояд, омадааст дар матни изҳорот.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Пекин қарор дошта, ин сафараш аҳдоферо аз қабили мулоқоти дуҷониба бо роҳбари Чин ва иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона дунбол мекунад.
Лентаи хабарҳо
0