Алмоси иттиҳод: Тоҷикистон ба лоиҳаи сайёҳии ИДМ ворид шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешГиссарская крепость, архивное фото
Гиссарская крепость, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Дар ҷумҳурӣ як қатор хатсайрҳо роҳандозӣ карда мешаванд, ки ба хориҷиён имкон медиҳанд, дар робита фарҳанги ғанӣ ва таърихи чандинасраи кишвар иттилои бештаре касб кунанд
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Тоҷикистон ба лоиҳаи сайёҳии кишварҳои ИДМ "Ҷавоҳири иттиҳод" ворид шуд, хабар медиҳад сойти "МИР 24".
Ҷумҳурӣ дар тамоми қаламраваш панҷ самтро намоиш медиҳад. Аммо шарти аслии ширкат дар ин иқдом ҳамоҳангсозии масирҳои сайёҳон бо кишварҳои ҳамсоя аст.
Танҳо объектҳое, ки инфрасохтори пешрафта, масир ва дастрасии нақлиёт метавонанд ба лоиҳа ворид шаванд, аммо созмондиҳандагон иштирокчиёнро бо як мавзуъ маҳдуд намекунанд.
Дар ҳоли ҳозир рӯйхати дақиқи дастовардҳо барои "Ҷавоҳири иттиҳод" вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин рӯйхати ҷойҳое мавҷуд аст, ки мумкин ба лоиҳа дохил карда шаванд.
Гардишгарон бештар мешаванд: имзои боз як санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ
Масалан, "ансамбли таърихӣ" дар майдони Хуҷанд, ки дар он оромгоҳи шоир ва олими дин Шайх Муслиҳиддин, қалъа ва бозори "Панҷшамбе"-ро дидан мумкин аст, ки дар он ҷо мардум садсолаҳо ба савдо машғуланд.
Мудири шуъбаи Осорхонаи мамнуъгохи таърихию мадании Ҳисор Акмал Ҳомидов сайри кутоҳи таърихи чандинасраи Тоҷикистонро кард.

"Дар соли 327 пеш аз милод Искандари Мақдунӣ дар ин ҷо буд, дар ибтидои асри VIII волии Хуросон – Қутайба ибни Муслим, дар асри XIII писари Чингизхони Чағатой, дар асри XIV – Темур, дар асри XVI – асосгузори Империяи Муғулистон Бобур Мирзо. Ва охирин ҳокиме, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекард, амири Бухоро аст", - шарҳ дод коршинос.

Ба гуфтаи Мирзошариф Абдусаломов, сардори Раёсати мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мавзеъҳои дар боло зикршуда дар бораи фарҳангу зиндагии тоҷикон дар давраҳои мухталифи таърихӣ маълумоти зиёде дода метавонанд.
"Ин на танҳо як масири фарҳангӣ, балки як роҳи тарбиявӣ ҳам аст. Шумо инчунин метавонед омӯзед, ки мардум се-чор ҳазор сол пеш чӣ гуна худро дифоъ карда буданд", - таъкид кард ӯ.
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Сайёҳони русиягӣ таътили солинавиро дар Тоҷикистон гузарониданд
Ба феҳристи маконҳои тамошобоб, ба гуфтаи Тимурмалик Камолов, ёвари вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ, тамоми қалъаҳои низомии бостонӣ, мисли қалъаи Ямчун, ки Роҳи Абрешим онҳоро шомил аст, ворид мешаванд.
Мутахассисон фикру мулоҳизаҳои зиёде ба миён гузоштанд. Ҳамин тавр таклиф карда мешавад, ки ба мавзеъҳои таърихӣ ҷойҳои замонавӣ дохил карда шаванд: дар хатсайри "Муъҷизаҳои обӣ" кӯлҳои қидматдоштаи кишвар ва НБО-и "Норак" ҷойгиранд.
Лентаи хабарҳо
0