Оё умедҳои маскавии Макрон бароварда мешаванд?

© Sputnik / Alexey Nikolsky / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин и Эммануэль Макрон на церемонии официальной встречи в Елисейском дворце
Владимир Путин и Эммануэль Макрон на церемонии официальной встречи в Елисейском дворце - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Сафари Макрон ба Маскав ба муносиботи Русия ва Украина чӣ таъсире гузошта метавонад?
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik, Елена Караева. Владимир Путин имрӯз ҳамтои фаронсавиашро ба ҳузур мепазирад: Эммануэл Макрон ба Маскав меояд, то тақрибан тамоми рӯзро бо раҳбари Русия гузаронад.
Гуфтушунид, чунон ки матбуоти Фаронса хабар медиҳад, асосан дар формати рӯ ба рӯ мегузарад. Пас аз гуфтушунид нишасти матбуотии ду президент дар нақша аст ва барнома бо зиёфати бегоҳирӯзӣ анҷом меёбад, чуноне гуфта мешавад "дар доираи дӯстон".
Таъкид мешавад, ки ин на як сафари ғайридавлатӣ ё ғайрирасмӣ аст. Путин қасд дорад, бо Макрон на барои он суҳбат кунад, ки молики Қасри Елисей "бачаи хуб" аст, балки ин дидор ба хотири он аст, ки Макрон дар Аврупо обрӯи сиёсӣ дорад. Албатта, на ба таври мутлақ, балки нисбӣ. Агар масалан, президенти Фаронсаро бо ҳамон Фон дер Лейен, ки ғайр аз мансабдори бюрократи аврупоӣ чизи дигаре нест, ё бо ҳамон Боррел, муовини фон дер Лейен, ки танҳо унвони хушки "намояндаи олӣ дар умури байналхалқӣ"-ро дорад, муқоса кунем.
Ва дар муқоиса бо Борис Ҷонсон, ки то гӯшаш чунон дар ҷанҷолҳо ғарқ шудааст, ки ягона роҳи наҷот ёфтанаш, истеъфои ихтиёрӣ аз мақоми сарвазирист.
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Песков ба матлаби "Bloomberg" дар бораи "ҳамлаи Русия" ба Украина вокуниш кард
Барои Путин Макрон ҳамчунон ҳамсуҳбати сатҳи баланд боқӣ мемонад, зеро президенти Фаронса, ҳатто агар ӯ дар бораи сиёсати Русия сахт гуфта бошад ҳам, ҳамеша кӯшиш мекард, ба забони дипломатӣ сухан кунад, на луғатеро, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба осонӣ ба даст меовард, ба мизи мудаввар мекашид.
Чунон мегӯянд, ин чанд далели мусбат ба фоидаи Макрон дорад.
Вале далелҳое бар зидди ӯ низ зиёд аст.
Онҳоро худи президенти Фаронса дар мусоҳибаи охиронаш ироа кард.
Макрон айнан чунин изҳор дошт: "Мо мушоҳида мекунем, ки милитаризатсия дар сарҳадҳое, ки Украинаву Русия, Беларус ва Русияро ҷудо мекунанд, чӣ гуна сурат мегирад, инчунин мебинем, ки барои ин аскарони пиёдагард ва нерӯҳои ҳавоӣ истифода мешаванд, мебинем, ки машқҳои низомӣ баргузор мешаванд.
Мо ният дорем, ки нақши боздорандаро иҷро кунем, шиддатро бо роҳи муколама паст кунем ва аз низоъҳои ҳарбӣ даст кашем".
Нуктаи дувум, ки таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад, ин аст, ки барои Макрон дар соли 2008 на Гурҷистон иғвои низомӣ ангехт, балки Русия алайҳи ин кишвар таҷовуз кард ва дар соли 2014 на Қрим, ки раъйпурсӣ ташкил карда, сарнавишти худашро ҳал кард, ки ба Россия баргардад, балки Маскав онро забт кард.
Ҳамин гуна нотаҳои симфонияи айбдоркуниҳои зидди Русия дар шарҳи мухтасари намояндаи махсуси президенти Фаронса Пер Вимон, ки ба матбуот маълум гардид, низ шунида шуд.
Ба гуфтаи Вимон, вақте ӯ дар суҳбате, ки бо дипломатҳо дар соҳили Смоленская бо зикри ҳар ду вазъ ба заминаи "рафтори Русия дар арсаи байналмилалӣ" дахл карданӣ шуд, ҳамсуҳбатонаш ба ӯ бо "сукут посух доданд".
Албатта, инҳо то ҳол танҳо пораҳо ҳастанд ва на матои ҳамбастаи гуфтушунидҳо, вале бо вуҷуди ин ҳам ният ва ҳам тамоюлро инъикос мекунанд, ки муколама имрӯз чӣ гуна метавонад ва дар атрофи кадом мавзуъҳо баргузор шавад.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Эрдуғон пешниҳоди миёнҷигарӣ дар байни Русия ва Украина кард
Аммо аз сӯи дигар маълум аст, ки Макрон бар хилофи Путин ин муколамаро дар маҷмуъ бо дастони баста анҷом медиҳад.
Дар ин вазъият вай ба хати умумиевропоӣ муқобил баромада наметавонад ва аз он дур шуда наметавонад ва ин хат чунин муайян шудааст: "Русияро барои ҳамаи проблемаҳои қитъа чӣ берунӣ ва чӣ дохилӣ айбдор кардан лозим аст".
Ӯ ҳамчунин набояд ба ҷустуҷӯи созиш чандон майл дошта бошад, зеро ин ҳолатро рақибони сиёсии ӯ ҳам дар кишвар, яъне дар Порис ва ҳам дар Иттиҳоди Аврупо, яъне дар Брюссел фавран истифода хоҳанд кард.
Ӯро метавонанд ба "нармияти аз ҳад зиёд нисбат ба Путин" муттаҳам кунанд. Ва инро метавон хато номид - хатое, ки аз ҷиноят бадтар аст.
Ба ҳамин монанд, муҳим аст, ки агар Путин аз ҷониби мардум ва кишвараш пуштибонӣ мешавад, рейтинги Макрон дар ҳафтаҳои охир дар ҳолати ногувор қарор дошт ва маъруфияти президенти Фаронса дар як ҳафта чанд дарсад коҳиш ёфт.
Аммо маҳдудияти асосӣ, ки метавонад барои миссияи Маскавии Макрон марговар бошад, ҳатто ба чашми бараҳна намоён аст.
Ин барномаи сафар аст.
Ки рӯзи дигар идомаи сафар ба Киевро дар бар мегирад.
Ва дар онҷо, албатта, раҳбари фаронсавиро "а-ля Майдон", ки аз ҷониби дӯстдорони "сабки бузурги украинӣ" омода шудааст, интизор аст.
Боздид аз муҷассамаи "қаҳрамонони Майдон" ва муколама бо президент Зеленский ва дигар ихтисосҳои "гастрономияи квадратӣ".
Военные учения боевой группы передового присутствия НАТО Хрустальная стрела-2021 в Адажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Дабири НАТО гуфт, аз нияти Русия дар мавриди Украина огоҳ нестанд
Ҳатто пеш аз мулоқот бо раҳбарияти кунунии Украина, Макрон, ки гӯё дар аввал барои мулоқот бо раҳбари Русия худро сафед мекард, дар мусоҳибаи зикршуда борҳо такрор кард, ки "Украина Аврупо аст" ва "Украина як қудрати аврупоист" ва ҳамаи рупоиёнро "бародарон" номид.
Ин порча, ки на он қадар ба худи фаронсавиҳо дахл дорад (тақрибан 95 дарсади онҳо гумон аст, ки Украинаро бори аввал ва бидуни ишора дар харита пайдо накунанд), аммо ба мақомоти Киев, зоҳиран бояд шарикони хурдсоли асаби Парисро ором кунад.
Аммо муҳимтаринаш ин аст:
Ду роҳбар дар Маскав мулоқот мекунанд, ки ҳар кадоме ба фарқ аз гурӯҳи бародарии Киев, ба паст кардани буҳрони кунунӣ ниёз доранд, ки дар омади гап, бо айби онҳо ба вуқӯъ наомадааст.
На ба Путин ва на ба Макрон, ҳарчанд бо сабабҳои хеле гуногун, лозим нест, ки вазъи кунуниро ташдид диҳанд ва онро, тавре ки ҳамтоёни ғарбии мо мегӯянд, ба сатҳи муноқишаи эҳтимолии низомӣ расонанд.
"Шириниҳо"-ро аз авҷгирии вазъият дар қитъаи Аврупо, аввалан, Украина мегиранд, ки зери ниқоби "қурбонии бадбахт аз таҷовузи Русия" метавонад барои дарёфти манобеъ ва кумаки молии чандмиллиондолларӣ талош кунад ва дуввум, Иёлоти Муттаҳида, ки аллакай проблемаҳои дохилии худро бо ёрии ҷанг ҳал карда истодаанд, чунон ки дар давоми ним асри охир барои онҳ хос буд.
Воқеан, маҳз ҳамин ҳолат аст, ки имрӯз Путин ва Макрон аз лиҳози сиёсӣ, сарфи назар аз ҳама таҷовузҳои раисҷумҳури Фаронса ба сӯйи Киев, дар як паҳлӯи баррикада қарор доранд, метавонанд дар омода кардани суҳбати дипломатӣ дар ин замина нақши ҳалкунанда бозанд.
Лентаи хабарҳо
0