Жириновский чӣ ҳол дорад? Посухи Вазорати тандурустии Русия

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкРуководитель фракции "Либерально-демократическая партия России" (ЛДПР) в Государственной Думе РФ Владимир Жириновский
Руководитель фракции Либерально-демократическая партия России (ЛДПР) в Государственной Думе РФ Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Қаблан расонаҳои Русия хабар доданд, ки Жириновский дар ҳолати вазнин қарор дорад ва бояд ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шавад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Вазъи саломатии раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский муътадил арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора, РИА "Новости" бо истинод ба дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Русия хабар медиҳад.
Чуноне қайд мешавад, ба сиёсатмадор ёрии зарурии тиббӣ расонда мешавад.
Вазорат афзуд, ки раҳбари ҲЛДР аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, 2 феврал дар бемористони марказии Маскав аст.
Ӯ гирифтори штамми омикронии коронавирус шудааст.
Қаблан дар расонаҳои Русия иттилое нашр шуда буд, ки Жириновский дар ҳолати вазнин қарор дорад ва интизор меравад, барои табобати ӯ аз дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ истифода шавад.
Встреча с депутатами ЛДПР в день годовщины Великой Октябрьской революции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Хуб нест: вазъи саломатии Жириновский маълум шуд
Ҳамин тавр манбаи РБК мегӯяд, ки "ҳеҷ кас кафолат намедиҳад", аммо вазъи Жириновский бо бемориҳои ҳамроҳикунанда мушкил шудааст.
Аммо як манбаи РИА "Новости", ки аз вазъият огоҳ аст, гуфт, вазъи ӯ пайвасткунӣ ба дастгоҳи нафасдиҳиро талаб намекунад.
Дар ҳамин ҳол ҲЛДР гирифтории раисаш ба омикронро таъйид, аммо аз ироаи ҷузъиёти бистарӣ шудани ӯ дар бемористон худдорӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0