Ирсоли парвандаи Чоршанбиев ба додгоҳ: мақомот айбашро чӣ медонанду худаш чӣ мегӯяд?

© Instagram 𝗖𝗵𝗼𝗿𝘀𝗵𝗮𝗻𝗯𝗲 𝗖𝗵𝗼𝗿𝘀𝗵𝗮𝗻𝗯𝗶𝗲𝘃Чоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Додгоҳ ҳанӯз рӯзи оғози мурофиаи разимкори боздоштшудаи тоҷикро муайян накардааст
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Парвандаи размикор ва блогер Чоршанбе Чоршанбиев бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шуд.
Дар ин бора яке аз наздикони оилаи Чоршанбиевҳо ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки додгоҳ ҳанӯз рӯзи оғози мурофиаро муқаррар накардааст.
Ба иттилои манбаъ, размикор аз рӯи моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор мешавад.
Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷавобгарӣ барои даъватҳои оммавӣ дар ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ ё вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистонро пешбинӣ кардааст.
Қисми 2-и ин модда барои амали зикршуда, ки такроран, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва ё бо истифода аз расонаҳою интернетӣ сурат гирифтааст, аз 8 то 15 соли зиндонро муқаррар намудааст.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Ҷиноят накардаам: паёми Чоршанбиев аз зиндон дар мавриди эҳсосот, айб ва шиканҷа
Қаблан Чоршанбиев дар вокуниш ба ин айби эълоншуда изҳор дошта буд, ки ҷинояте содир накардааст, балки баръакс хостааст, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
"Ман ҳич ҳадафи даъват барои ғасби ҳокимияти давлатӣ бо зӯровариро надоштам", - хабар дод Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа аз қавли размикор.
Эътилофи мазкур, ки Чоршанбиевро бо вакилони дифоъ таъмин намудааст, изҳор дошт, ки варзишкор сарфи назар аз иттиҳомоти сангин бо таҳаммул ҳамсуҳбаташро гӯш мекунад ва ҳолати корро тавзеҳ медиҳад. Ӯ мефаҳмонад, ки зидди ҳукумат нест, вакрзишкор аст, ки баъзан сари эҳсос метавонад гапи сахте гӯяд, аммо фавран талош мекунад, ки вазъро ислоҳ созад.
Чоршанбиев барои нақзи қоидаҳои ҳузур аз Русия депорт шуда, 30 декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот дар аввал аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар доданд, аммо баъдан фикри айбдорӣ бар асоси як модда тасдиқу ба додгоҳ ирсол шуд.
Лентаи хабарҳо
0