Хушқаду русидон: Туркия тоҷиконро ба меҳмонхонаҳояш даъват мекунад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксПассажир в защитной маске в международном аэропорту
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон азм дорад, дар баробари Русия ва Қазоқистон сафарбарсозии дастаҷамъии муҳоҷирони меҳнатиро ба кишварҳои дигар низ роҳандозӣ намояд
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ширкатҳои сайёҳии Туркия барои ҷалби дастаҷамъии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик созиш кардаанд.
Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, бо оғози мавсими сайёҳии ҷадид дар назар аст, ки ҳудуди 500 муҳоҷири тоҷик ба меҳмонхонаҳои Туркия ба кор сафарбар гарданд.
Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигори мустақил, Далери Эмомалӣ гуфт, ҷалби тоҷикистониён ба кор дар меҳмонхонаҳои Туркия аз тариқи Агентии бакортаъминӣ дар хориҷи Вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сурат мегирад. Интизор меравад, ки ин иқдом аз моҳи апрели соли равон оғоз гардад.
Дар мавриди талабот аз довталабон Маҳмадуллозода гуфт, ки аз асосиҳояш донистани забони русӣ мебошад, чун дар меҳмонхонаҳои Туркия асосан ба сайёҳон аз Русия хидматрасонӣ хоҳад шуд.
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Афви беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик ва шарҳи вазир дар ин хусус
Инчунин доштани касби бахши хизматрасонӣ низ истиқбол хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки корфармоён ба қаду баст ва синни довталабон низ таваҷҷуҳ мекунанд ва он набояд аз 40-сола боло бошад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар баробари Русия ва Қазоқистон, ки аз қабулкунандаҳои калидии муҳоҷирони тоҷик мебошанд, шаҳрвандони кишвар инчунин дар давлатҳои Аврупо, Канада, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра низ фаъолият мекунанд.
Теъдоди муҳоҷироне, ки дар кишварҳои дигар ба ғайр аз Русия ва Қазоқистон қарор доранд, бо ҳолати ҷамъбасти соли 2021 ҳудуди 10 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Таъкид мешавад, ки ин омор на ҳамаро фаро мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ҳудуди як миллион нафар арзёбӣ мешавад, ки маблағи фиристодаи онҳо сарчашмаи асосии таъминоти хонаводаҳояшон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0