Рашк: ҳукми марди эронӣ барои қасди куштори зани ҷавонаш дар Тоҷикистон

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
Шаҳрванди 50-солаи Эрон дар қасди куштори ҳамсари собиқаш дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон як шаҳрванди Эронро дар қасди куштори ҳамсари собиқ, зани аз худаш 20 сол хурд, гунаҳкор донистааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, марди эронӣ моҳи апрели соли 2021 бо зани 30-солаи тоҷик аз тариқи никоҳи мусалмонӣ хонадор шудааст, аммо аллакай моҳи август аз ҳамдигар ҷудо шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки баъди ҷудошавӣ вақте мард мефаҳмад, ки ҳамсари собиқаш худро оро дода, қасди рафтан ба маркази дилхушӣ дар ноҳияи Ёвонро дорад, нияти куштанашро кардааст.
Равоншинос нишонаи асосии хиёнат ба ҳамсарро гуфт
Таъкид шудааст, ки дар заминаи рашку хусумати шахсӣ шавҳари собиқ ҳамроҳи як сокини шаҳри Кӯлоб рӯзи 16 октябри соли гузашта дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ зан ва дугонаашро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Муттаҳамон баъди расондани зарба бо табару кислота гумон кардаанд, ки зан ба ҳалокат расидаст ва халтаи туҳфаҳоро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, афзуд додситонӣ.
Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия шаҳрванди Эронро ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда, шарикаш шаҳрванди Тоҷикистонро барои 15 сол равонаи зиндон намудааст.
Лентаи хабарҳо
0