Барандаи секаратаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон маълум шуд

© ФФТКубок Таджикистана - 2020
Кубок Таджикистана - 2020   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Қисмати ниҳоии Ҷоми ёздаҳуми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастпарварони Уктам Сатторов ба поён расид
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бо ғалабаи тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода марҳилаи финалии 11-ум Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар бозии финалӣ “Регар ТадАЗ” бар тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Муваффақияти дастаи Турсунзода тавассути ду голи Артур Фозилов ва голҳои Шуҳрат Элмуродов ва Фатҳулло Фатҳуллоев муяссар гардид.

Ҳамин тариқ тими “Регар ТадАЗ” бори сеюм соҳиби Ҷоми ФФТ шуд. Ин даста қаблан, солҳои 2012 ва 2016 ҷомро ба даст оварда буд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Матч Таджикистан-Таиланд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Қимати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Дар ҳайати тими ғолиб Амирҷон Сафаров ду гол зад. Як голи дигарро Оятулло Сафаров ба номаш навишт.

Дар марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ, ки 16-26 феврал доир гашт, 8 даста дар ду гурӯҳ бозӣ карданд: гурӯҳи "А": "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода), КМВА (Душанбе), "Ҳосилот" (Фархор), "Истаравшан" (Истаравшан); гурӯҳи "Б": "Кӯктош" (Рӯдакӣ), "Файзканд" (Восеъ), "Хатлон" (Бохтар), "Спитамен" (Спитамен).
Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода аз дастаҳи қавии Лигаи олии Тоҷикистон мебошад, ки раҳбарии онро Уктам Сатторов сар аз соли 2020 ба зимма дорад.
Тибқи маълумоти "Transfermarkt.de", клуби футболи "Регар-ТадАЗ" дар маҷмуъ 725 ҳазор евро арзиш доштааст.
Лентаи хабарҳо
0