Рада мегӯяд, Зеленский Украинаро тарк накардааст

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксУчастники договоренности об освобождении между Россией и Украиной прилетели в Борисполь
Участники договоренности об освобождении между Россией и Украиной прилетели в Борисполь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Радаи Украина исрор меварзанд, ки Владимир Зеленский дар Украина аст
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Владимир Зеленский дар Украина аст, ӯ кишварро тарк накардааст, мегӯянд дар Рада.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар медиҳад.
Пештар раиси Думаи давлатии Русия гуфта буд, Зеленский тарки Украина кард ва феълан дар Лаҳистон қарор дорад.
Қаблан, рӯзи 26 феврал раиси Думаи давлатӣ бо ишора ба иттилоъ аз вакилони Верховная Рада гуфта буд, ки Зеленский шитобон Киевро тарк карда, ба Лвов рафтааст.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин: Зеленский Украинаро тарк кард
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Лукашенко: Ғарб мехоҳад, Русия ва Беларусро дар буҳрони Украина "ғарқ" кунад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0