Аҳмадзода гуфт, Суғд чанд зани вакилу раис дорад

© Пресс-служба президента Таджикистана Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
 Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд изҳор дошт, ки чанд нафар аз занон дар ин вилоят дар мақоми роҳбарӣ кор мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд мегӯяд, дар вилоят беш аз 1 миллоиону 392 ҳазор зану духтар умр ба сар бурда, аз онҳо 19,2 ҳазор нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Аҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи модарон аз нақши занони вилоят суҳбат карда, изҳор дошт, ки 1 ҳазору 167 нафар аз ин занҳо дар мақомоти давлатӣ ​фаъолият мекунанд.​
"Ҳамчунин 275 нафар бонуи вилоят дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ​рисолати хешро иҷро менамоянд", - илова намуд ӯ.
Вай таъкид намуд, ки занони вакил низ дар мақомоти намояндагӣ афзоиш ёфтаанд.
Аёдати Бахтиёр Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Кӯлоб аз занони солхӯрда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Дуогирии мақомдорони навтаъйини Кӯлоб аз "момаҳои табаррук"-и беш аз 100-сола
Аз ҷумла зикр шуд, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллӣ, 5 вакили Маҷлиси намояндагон, 23 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 ​ нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд.
Дар мавриди таъйини занони суғдӣ ба вазифаҳо дар мақомоти иҷроия Аҳмадзода иттилоъ дод, ки 1 нафар муовини раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Раиси Суғд аз сиёсати ҳукумат барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа зикр намуда афзуд, ки талошҳо дар ин хусус минбаъд низ идома меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0