Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҷангиёни "Азов" хонаеро дар Мариупол бо кӯдакону занонаш тарконданд

© PixabayОгонь
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷангиёни "Азов"* хонаеро дар Мариупол тарконданд, то 200 нафар зери харобаҳо монанд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Раҳбари Ҷумҳурии Халқии Донетск Денис Пушилин гуфт, ҷангҷӯёни "Азов"* хонаеро дар Мариупол тарконданд. Наздик ба 200 нафар зери овор монданд.
Ба гуфтаи ӯ, бештаре аз афроди дохили ин бино занону кӯдакон буданд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираашонро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.
* - воҳиди таъиноти махсуси "Азов" - созмоне, ки дар қаламрави Русия мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0