МАГАТЭ ба Тоҷикистон дар мубориза бо тағирёбии иқлим кумак мекунад

© Амир Исаев / SputnikНурекское водохранилище
Нурекское водохранилище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои коҳиш додани тағирёбии иқлим кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. МАГАТЭ дар чаҳорчӯби тарҳи арзёбии нақши технологияҳои энержӣ дар коҳиши тағирёбии иқлим кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоро дастгирӣ хоҳад кард.
Агентӣ ба Тоҷикистон низ дар самти коҳиш додани тағирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.
МАГАТЭ ба давлатҳои узв имкон медиҳад, ки муҳити зистро ҳифзу барқарор кунанд ва системаҳои энергетикиро аз обуҳаво ва офатҳои табиӣ муҳофизат кунанд.
Он ҳамчунин кишварҳои минтақаро дар робита ба маҳдуд кардани истеҳсолот ва партовҳои газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва мутобиқшавӣ бо оқибатҳои манфӣ кумак хоҳад кард.
Ветряная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Бахши сӯзишворӣ-энергетикии Тоҷикистон сармоягузории бузургро интизор аст
Ин созмон ҳамчунин тавассути пешниҳоди абзорҳои моделсозии энержӣ ва омӯзиши марбут ба он дар чаҳорчӯби як тарҳи дигари минтақаӣ ба кишварҳо дар таҳияи стратегияҳои энержии худ кумак мекунад.
То ин замон таъсири ҷиддии тағирёбии иқлим дар афзоиши глобалии об ва норасоии ғизо ифода меёфт. Аммо феълан талафоти гуногунии биологӣ ва афзоиши офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи равандҳои иқлимӣ ба вуҷуд меоянд, ба авомили қаблӣ зам шудаанд.
Аз ин рӯ коҳиши авомили таъсиргузор дар тағйирёбии иқлим ҳадафи дарозмуддати ин созмон аст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 2000 узви МАГАТЭ шуд.
Лентаи хабарҳо
0