Бахши сӯзишворӣ-энергетикии Тоҷикистон сармоягузории бузургро интизор аст

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВетряная электростанция
Ветряная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Дар соли 2022 бахши сӯзишворӣ-энергетикии иқтисоди Тоҷикистон маблағгузории назаррасро интизор аст, ки барои он 6,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои рушди бахши сӯзишворӣ-энергетикӣ дар соли ҷорӣ 6,2 миллиард сомонӣ (беш аз 566,7 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи кишвар, саноати энергетикӣ ҳануз ҳам бахши афзалиятноки иқтисоди миллӣ мебошад, менависад агентии "Авеста".
Ин аст, ки аз буҷаи давлатии Тоҷикистон сармоягузории бузург ба ин бахш пешбинӣ шудааст.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки сармоягузории бузург ба бахши энержӣ на танҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ворид мешавад, балки то ба даст овардани истиқлоли энергетикии Тоҷикистон аз ҳар роҳ ба ин бахш сармояи иловагӣ ҷазб мешавад.
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Эрон гуфт, омодааст, дар кашфи чоҳҳои нафту газ Тоҷикистонро кумак кунад
Коршиносони идораҳои дахлдори кишвар қайд мекунанд, ки бидуни рушди ин бахш ноил шудан ба барномаҳои пешбинишудаи иқтисодӣ барои давлат, чӣ дар миёнамуддат ва чӣ барои дарозмуддат, мушкил хоҳад буд.
Қаблан маълум шуда буд, ки аз ҳисоби кадом маблағҳои изофӣ пӯшонидани касри буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар назар аст.
Пӯшонидани касри буҷаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ва ҳамчунин грантҳо ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, касри умумии буҷаи давлатии кишвар дар соли ҷорӣ 0,6% аз маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё беш аз 623,9 миллион сомонӣ (беш аз 55,2 миллион доллар) аст.
Лентаи хабарҳо
0