Барфу борон ва раъду барқ: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

© PixabayМолния
Молния - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон боридани барфу борон дар назар буда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Прохожие у цветущих деревьев в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Ҳавошиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон мавсими боронгариҳои баҳорӣ оғоз мешавад
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0