ВУХ-и Русия дар бораи дидори Лавров ва Кулеба хабар дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷии Русия аз музокироти вазири хориҷаи ин кишвар ва ҳамтои украиниаш дар ҳошияи ҳамоиши Анталия дар Туркия хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Вузарои хориҷаи Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба метавонанд дар ҳошияи як форуми дипломатӣ дар Анталия гуфтугӯ кунанд, гуфт Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия.
“Бо ташаббуси раҳбари Туркия, дар ҳошияи Ҳамоиши дипломатии Анталия мулоқоти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина бо иштироки Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар назар аст”, - гуфт Захарова.
Ҳамчунин намояндаи ВУХ-и Русия зикр кард, ки руасои ҷумҳурии Русия ва Туркия Владимир Путин ва Таййиб Эрдуғон зимни суҳбати телефонии ахир дар ин бора ба мувофиқа расида буданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии форум, чорабинии имсола аз 11 то 13 март баргузор мешавад.
Штурмовик Су-25, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия 14 ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишини украиниро сарнагун кард
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0